Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Австралия амалиёти зиддитеррористӣ анҷом доданд


Пулиси Австралия дар як амалиёти васеъмиқёси зиддитерористӣ дар қаламрави кишвар 15 нафарро дастгир кардааст. Амалиёти мазкур асри рӯзи 18-уми сентябр дар шаҳрҳои Сидней, Брисбан ва Логан сурат гирифтааст. Андрей Колвин, муовини сардори Пулиси Федеролии Австралия, гуфт, дар амалиёт 800 маъмури пулис дар се шаҳр даҳҳо хонаро тафтиш кардаанд. Ба қавли Андрей Колвин, гурӯҳи боздоштшуда, “қасди анҷоми амалҳои хушунатбор дошт ва ба тарҳрезии чунин амалҳо дар қаламрави Австралия шурӯъ карда буд.” Мақомоти Австралия рӯзи 12-уми сентябр хатари терроризм дар кишварро аз ҳадди “миёна” ба ҳадди “баланд” боло бурданд. Тони Аббот, нахуствазири Австралия дар он рӯз гуфт, “Дар Австралия афроде ҳастанд, ки ният ва қудрати анҷоми ҳамлаҳоро доранд”. Пулис доир ба чигунагии ин ҳамлаҳо ҷузъиёт надодааст.

XS
SM
MD
LG