Пайвандҳои дастрасӣ

Обама нақши сарбозони Амрико дар Ироқро шарҳ дод


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, сарбозони кишвараш дар амалиётҳои мустақим ба зидди ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ дар Ироқ ширкат нахоҳанд кард. Ӯ рӯзи 17-уми сентябр дар қароргоҳи Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар аёлати Флорида гуфт, “Нерӯҳои Амрико, ки ба Ироқ фиристода шуданд, маъмуриятҳои ҷангӣ надоранд ва дар ҷангҳо ширкат намекунанд”. Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, бештар аз 40 кишвар изҳори омодагӣ кардаанд, ки ба эътилофи навзуҳур барои муқобила бо ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ кӯмак кунанд. Пеш аз ин баёния, Мартин Демси, генерали амрикоӣ гуфт, шояд баъзе аз мушовирони низомии Амрико дар ҷанг алайҳи тундравон ба нерӯҳои Ироқӣ кӯмак кунанд. Аммо дар вокуниш ба ин баёния, Ҳайдар ал-Ободӣ, нахуствазири Ироқ гуфт, кишвараш мӯҳтоҷи нерӯҳои хориҷӣ ва ё хоҳони ширкати хориҷиён дар ҷанг алайҳи тундравон нест. Ал-Ободӣ аз ҷомеаи байналмилал хост, мубориза алайҳи ҷангҷӯёни Давлати Исломиро дар қаламрави Сурия вусъат бахшанд.

XS
SM
MD
LG