Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як гаравгонгир дар марз бо Афғонистон


Дар пайи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯрообод як шаҳрванди Афғонистон кушта шудааст. Мақомот мегӯянд, ин нафар дар даҳҳо мавриди гаравгонгирӣ даст дошт. Ба гуфтаи мақомот, ҳоло раҳбари 5 гурӯҳи дигаре ҷустуҷӯ мешаванд, ки низ дар гузаштаҳо даст ба одамрабоӣ задаанд.

Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як баёния хабар дод, ки Салам валади Мукофот - сокини улусволии Хоҳони Бадахшон, ки дар куштори сарбози нерӯҳои марзбонӣ ва гаравгонгирии сокинони маҳаллӣ даст дошт, кушта шуд. Ду нафар аз ҳамроҳони Салам ба Афғонистон фирор кардаанд ва аз ҷои ҳодиса 8 кило афюн, 2,5 килограм ҳероин ва силоҳи Калашников бо тиру тирдон ёфт шудааст.

Кушта шудани Салам валади Мукофот дар ҳолест, ки моҳе қабл Ҳотамхон Назриев, як сокини деҳаи Овиёи Шӯрообод ба гарав бурда шуда буд. Аммо мақомот мегӯянд, Салам дар рабудани ӯ даст надошт, ҳарчанд, дар гузашта сокинони дигари ҷамоати Дашти Ҷумъаро афроди ӯ бурда будаанд.

Сокини деҳаи Овиёи Шӯрообод Ҳотамхон Назриев моҳе пеш баъди он озод гардид, ки мақомоти тоҷик бо ҳамтоёни афғони худ даҳ нафар шаҳрвандони Афғонистонро боздошт карданд ва аз онҳо дар дасти кадом гурӯҳ будани шаҳрванди Тоҷикистонро фаҳмида, ӯро озод карданд.

Марзи ноҳияи Шӯрообод бо Афғонистон беш аз 150 километр тӯл дорад ва аз лиҳози таъмини назораташ ба далели табиати кӯҳистониии ин минтақа аз мушкилтарин нуқоти марзи 1370-километрии Тоҷикистону Афғонистон ба шумор меравад. Шӯрообод ҳамчунин як масири қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон низ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG