Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз "мақоми махсус"-и Луҳанск ва Донетск ҳимоят кард


Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, тақдими мақоми махсус ба бахше аз минтақаҳои шарқии Луҳанск ва Донетскро аз тарафи порлумони Украина “қадаме дар самти дуруст аст”. Бахшҳое аз ин ду минтақаи Украина зери назорати ҷудохоҳони рӯ ба Русияанд ва дар ҷангҳои ин ҷо наздик ба 3000 нафар кушта шудаанд. Порлумони Украина ба ин минтақаҳо салоҳиятҳое дод, ки бар пояи онҳо метавонанд ба мухторияти нисбие даст ёбанд. Вазорати корҳои хориҷии Русия дар як изҳорот ин мақоми махсусро амале дар рӯҳияи созишӯҳои сулҳи Женева номид, ки аз тарафи Русия, Украина ва Иёлоти Муттаҳида имзо шудаанд.

XS
SM
MD
LG