Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 15 рӯҳонии Косово барои ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурия


Шафқат Красниқӣ, пешнамози Масҷиди ҷомеи Приштина
Шафқат Красниқӣ, пешнамози Масҷиди ҷомеи Приштина

Понздаҳ рӯҳонии саршиноси Косово бо гумони даст доштан дар ҷалби ҷавонон ба ҷиҳоди Сурия боздошт шудаанд. Дар миёни онҳо имоми Масҷиди ҷомеаи Приштина Шафқат Красниқӣ ва ҳамчунин пешнамозҳои масҷидҳои Митровитса, Печ ва шаҳрҳои дигар ҳастанд. Ҳамчунин Фуод Рамиқӣ -- раҳбари ҳизби Ҷунбиши Ваҳдати Исломӣ низ боздошт шудааст. Айбномаи бархе аз боздоштшудагон банди таҳдид ба низоми конститутсионӣ ва амнияти Косоворо низ дорад. Мақомот мегӯянд, ин афрод дар маъракаи пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурия боздошт шудаанд. Қаблан дар чуинн амалиёт 40 нафар боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG