Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бозиро бо ҳисоби 1:2 ба Фаластин бохт


Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U23) дар бозӣ бо дастаи Фаластин бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин бозӣ 17 сентябр дар чаҳорчӯби Бозиҳои 17-уми осиёӣ дар Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд. Футболбозони тоҷик дар нахустин даври сабқати гурӯҳӣ дар Бозиҳои XVII-и осиёӣ 14 сентябр бар мунтахаби Сингапур бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуда буданд. Голи ягонаро ҳимоятгар Сиёвуш Асроров дар дақиқаи 87-ум ба самар расонд. Вай тӯби аз бурҷи майдон ҳавододаи Умедҷон Шарифовро бо сараш ба тӯри дарвозаи мунтахаби Сингапур равон кард. Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар гуруҳи «С» бозӣ мекунад, бозии севумашро 21 сентябр бо дастаи Умон анҷом хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG