Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳокимаи олими уйғур дар Урумчӣ бо иттиҳоми ҷудоиталабӣ


Донишманди уйғур, ки борҳо сиёсати қавмии ҳукумати Чинро танқид кардааст, бо иттиҳоми ҷудоихоҳӣ дар додгоҳи Урумчӣ, пойтахи минтақаи Шинҷон муҳокима мешавад. Мақомоти Чин собиқ профессори иқтисод Илҳом Тоҳтиро ба фаъолиятҳое айбдор мекунанд, ки, ба гуфтаи онҳо, ҳадафашон сарнагунии ҳокимияти Чин дар минтақаи ноороми Шинҷон, маҳалли зиндагии 8 миллион мусулмонест, ки бахши умдаашонро уйғурҳо ташкил медиҳанд. Худи ӯ ин иттиҳомотро рад мекунад. Бинои додгоҳ ва кӯчаҳои атрофи он аз тарафи полис муҳосира шуда журналистон, наздикон ва чанд дипломати ғарбӣ, ки ба ин ҷо барои дидани муҳокима омадаанд, ба он роҳ дода намешаванд. Тоҳтӣ дар моҳи январ замоне боздошт шуд, ки вокуниши ҳукуматро ба бомбгузории маргталабона дар майдони Тянанмен маҳкум кард. Созмони Милал, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида борҳо ба озод кардани ӯ аз маҳбас даъват намудаанд.

XS
SM
MD
LG