Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори вазири умури хориҷии Эрон бо Кетрин Эштон


Вазири корҳои хориҷии Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф дар арафаи дидори навбатии ҳайати кишвараш бо қудратҳои ҷаҳонӣ сари барномаи ҳастаии Эрон дар Ню Йорк бо раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кетрин Эштон мулоқот дошт. Интизор меравад, ки нишасти Эрон ва кишварҳои панҷ ҷамъи як – панҷ узви Шӯрои амнияти Созмони Милал ва Олмон рӯзи 19-уми сентябр дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милал баргузор шавад. Иёлоти Муттаҳида, Чин, Русия, Бритониё, Фаронса ва Олмон ҳадаф доранд дар гуфтушунид бо Эрон фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаии Теҳрон, аз ҷумла ғанисозии уранро дар ин кишвар ба андозае коҳиш диҳанд, ки аз дастёфти Эрон ба силоҳи ҳастаӣ пешгирӣ намояд. Дар ҳоли расидан ба созиши ниҳоӣ то 24-уми ноябр таҳримҳои Ғарб зидди Эрон бекор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG