Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии нақши ҷангии мушовирони амрикоӣ дар Ироқ


Як низомии баландпояи Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, раисиҷумҳур Барак Обама тасмими ба мушовирони ҳарбии Амрико дар Ироқ додани салоҳияти ҷангиро дар ҳар ҳолат ҷудогона баррасӣ мекунад. Генерал Мартин Демпсӣ, сардори ситоди муштараки фармондеҳон рӯзи 16-уми сентябр ба Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенат гуфт, “Обама ба он мушовирони артиши Ироқ салоҳияти ҳарбӣ медиҳад, ки вазъи минтақаи ҳузурашон инро тақозо мекунад. Дар аксари ҳолатҳо, афзуд Демпсӣ, чунин салоҳият ба мушовирон зарур нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки Обама ирсоли нерӯҳои заминиро ба Ироқ расман рад кардааст.

XS
SM
MD
LG