Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парлумонҳои Украина ва Аврупо созиши ҳамгироиро тасвиб карданд


Верховная Радаи Украина ва Парлумони Аврупо рӯзи сешанбе, 16 сентябр, дар алоҳидагӣ Созиши ҳамгироии сиёсиву иқтисодӣ миёни Киев ва Иттиҳодияи Аврупоро тасвиб карданд.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, қабл аз раъйдиҳӣ ба ин санад ба қонунгузорони кишвар гуфт, ки ин “қадами аввал, аммо қадами хело муҳим” сӯи узвият ба Иттиҳодияи Аврупост.

Ба иттилои хабаргузории УНИАН, аз тасвиби созиш 355 вакили парлумон пуштибонӣ карданд. Петро Порошенко билофосила баъд аз раъйдиҳӣ дар Верховная рада зери созиш имзо гузошт.

27 июн ҳайатҳои Украина ва Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел бахши иқтисодии созиши ҳамгироиро имзо карда буданд. Ҳамзамон ҷонибҳд тасмим гирифтанд, ки таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ то 31 декабри соли 2015 мавқуф гузошта шавад.

Парлумони Украина рӯзи сешанбе ҳамчунин дар ҷаласаи пушти дарҳои баста қонун дар бораи мақоми махсуси бархе аз мавзеъҳои Донбассро пазируфт. Ин санад, аз ҷумла, афви ҳама ҷонибдорони ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск ва интихоботи ғайринавбатӣ дар ин манотиқ дар рӯзи 7 декабри соли равонро пешбинӣ кардааст.

Вакили Верховная Рада аз ҷиноҳи «Озодӣ» Юрий Сиротюк хабар дод, ки аз тарҳи қонун 277 узви парлумони Украина пуштибонӣ карданд.

Петро Порошенко рӯзи душанбе тарҳи қонун дар бораи тайи се сол ҷорӣ шудани режими махсуси идораи Донбассро ба парлумон фиристод. Ин санад афви ҷудоихоҳон, кафолати ҳаққаи истифодаи забони русӣ, тартиби махсуси таъин кардани раҳбарони мақомои джоситонӣ ва додрасҳо ва ҳамчунин кӯмаки иқтисодиву иҷтимоӣ ба вилоятҳои Донетск ва Луҳанскро дар назар дорад.

Раҳбарони ҷумҳурии худхондаи Донетск рӯзи сешанбе изҳор намуданд, ки барои онҳо тарҳи қонун дар бораи режими худидораи бархе аз манотиқи Донбас акнун зиёд муҳим нест, аммо ин тарҳ метавонад таконе барои музокироти оянда шавад. Намояндагони ҷумҳурии мардумии Луҳанск гуфтанд, ки тарҳи Порошенко мутобиқ ба талаботи ҷудоихоҳон аст ва аммо нуктаҳои норушани зиёд дорад.

XS
SM
MD
LG