Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар амалиёти артиши Покистон 31 ошӯбгар ба ҳалокат расид


Низомиёни воломақоми покистонӣ гуфтанд, ки бар асари зарбаи ҳавопаймоҳои низомӣ ва амалиёти заминӣ дар наздикиҳои марз бо Афғонистон 31 тан аз ошӯбгарони мухолифи ҳукумат кушта шуданд. Дар задухӯрдҳо се сарбози ҳукуматӣ ҳам ба ҳалокат расиданд.

Бар пояи хабаре, ки аз сӯи артиш рӯзи 16 сентябр нашр шуд, аз зарбаҳои ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба мавқеъҳои ошӯбгарон дар дараи қабиланишини Тораҳ Хайбар 20 ситазеҷӯ ҷон бохта, ду анбори силоҳ нобуд карда шуд.

Дар ҳодисаи дигар, ба гуфтаи низомиён, гурӯҳи мухолифони ҳукумат ба як постгоҳи низомӣ дар Вазиристони шимолӣ ҳамла кард. Задухӯрд мунҷар ба ҳалокати 11 тан аз ҳамлагарон ва се сарбоз шуд.

Амалиёти артиши Покистон ба хотири аз Вазиристони шимолӣ берун кардани ситазаҷӯён моҳи июн шурӯъ шуд. Ба иттилои расмӣ, дар задухӯрдҳо беш аз ҳазор ошӯбгар ва тақрибан сад афсару сарбози ҳукуматӣ ба ҳалокат расидаанд. Аммо ин иттилоъ аз сӯи манбаъҳои мустақил таъид нашудааст.

XS
SM
MD
LG