Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди милиса дар қаллобиву ришватхорӣ айбдор мешавад


Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи як корманди вазорати умури дохилӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Дафтари матбуоти Оҷонсӣ рӯзи 16 сентябр хабар дод, ки корманди Ротаи махсуси зудамали милитсияи вазорати умури дохилӣ Азаматулло Шукуров барои дохил намудан ба гуруҳи ғоибона дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва барои соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат шудан ришват гирифтааст.

“Зимни тафтиши пешакӣ маълум гашт, ки моҳи майи соли 2013 Шукуров А.Қ. бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Камолов даромада ӯро ваъда медиҳад, ки дар Ротаи махсуси зудамали милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ронанда ба кор мегирад ва тавсия медиҳад, ки дар оянда барои гирифтани рутбаи ҳарбӣ бояд маълумоти оли дошта бошад. Баъдан Шукуров ӯро бовар мекунонад, ки бар ивази маблағи 1000 доллари амрикоӣ метавонад ӯро ба гурӯҳи ғоибонаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дохил мекунад”, гуфта шудааст дар хабари Оҷонсӣ.

Сипас Азаматулло Шукуров моҳи июни соли 2013 дубора бо шаҳрванд Камолов вориди муомилот шуда, аз ӯ барои ҷудо намудани қитъаи замин дар шаҳри Ваҳдат 23 900 доллар гирифта, аммо ягон ваъдаашро иҷро накардааст. Ахиран алайҳи Азаматулло Шукуров аз рӯи моддаи 247 қисми 4 бандҳои “б” Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG