Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Кобул боиси ҳалокати се низомии НАТО шуд


Як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар Кобул, пойтахти Афғонистон, дар назди корвони мошинҳои низомиёни хориҷӣ, мунфаҷир кард. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 16 сентябр рӯй дод, дасти кам 3 сарбози НАТО кушта ва 13 сокини осоишта маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки таркиш дар шоҳроҳи фурудгоҳ дар наздикиҳои сафорати Амрико ба вуқӯъ пайваст. Дар як изҳороти нерӯҳои байнулмилалӣ ҳалокати се низомии НАТО дар ин ҳодиса тайид шудааст. Дар бораи ҳуввияти кушташудагон чизе гуфта нашудааст.

Таркиш дар ҳоле рӯй дод, ки баҳси ду довталаби мақоми раисиҷумҳур дар арафаи хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон поён наёфтааст. Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури феълӣ, баъд аз мулоқоти Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдулло Абдулло, ки рӯзи 15 сентябр баргузор шуд, дар бораи пешрафт дар роҳи ҳалли бӯҳрон хабар дод. Як узви ситоди интихоботии Ашрафғанӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст рӯзи сешанбе созишнома дар бораи тақсими қудрат дар Афғонистон имзо шавад.

XS
SM
MD
LG