Пайвандҳои дастрасӣ

Расмуссен: "НАТО омодаи истифода аз нерӯ бошад"


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО, гуфт, аъзои ин созмон бояд муттаҳид шаванд ва ба таҳдидҳои амниятӣ аз Русия ва таҳдидҳои ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ муқовимат кунанд. Андерс Фог Расмуссен, ки ба зудӣ аз мақомаш меравад, дар суханронӣ дар Пажӯҳишгоҳи Карнегӣ дар Брюссел рӯзи 15-уми сентябр гуфт, Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ бояд ба ҳайси “нерӯи қавии муҳофизи озодӣ” бимонад ва омодаи истифода аз нерӯи низомӣ бошад. Дабири кулли НАТО гуфт, ин созмон метавонад, нақши ҳамоҳангсози амалиёти низомӣ алайҳи созмони Давлати Исломиро иҷро кунад. Андерс Фог Расмуссен, нахуствазири собиқи Дания, афзуд, дар аҳди раиси ҷумҳур Владимир Путин, Русия “тамоми аҳдҳо ва меъёрҳоро”, ки баъди Ҷанги Сард сулҳу суботро дар Аврупо нигаҳ медоштанд, зери по кард ва алайҳи Украина амалиёти низомии ғайриқонунӣ анҷом дод.

XS
SM
MD
LG