Пайвандҳои дастрасӣ

ШАРҲҲО: Зиёфат, генералии Рустам ва рӯсарии зани президент


Бонуи аввали Тоҷикистон

Бонуи аввали Тоҷикистон

Агар гуруҳе аз шарҳнависон аз зиёфати оилаи Эмомалӣ Раҳмон ба Сӣ Ҷинпин – раҳбари Чин ва ҳамсари ӯ интиқод кардаанд, иддае дигар онро барои муаррифии Тоҷикистон муҳим донистаанд.

Меҳмондории хоси оилаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз Сӣ Ҷинпин – раҳбари Чин ва ҳамсараш, ки шоми 12 сентябр дар Душанбе сурат гирифт, бо вокунишҳои гуногун, аммо баъзан тунд рӯбарӯ шудааст. Аксари корбарон дар торнамои “Озодӣ” ин мавзӯъро ба баҳс гирифта, аз ташкили зиёфати хоси раҳбари кишваре, ки ба гуфтаи онҳо қисми зиёди мардумаш нодор ва муҳоҷир муаррифӣ мешаванд, интиқод кардаанд.

Мухолифон

Яке аз корбарон бидуни зикри номаш навиштааст, “маълум гардид, Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии рӯзмарааш садҳо нафарро овора мекунад ва гули чизро мехӯрад”. Дигаре худро “Нони қоқ” муаррифӣ карда ва гуфтааст: “Кайфу сафо аз кисаи мардум”.

“Муҳоҷир” бо ишора ба раҳбари Чину ҳамсараш гуфтааст, “инҳо меҳмон не, балки дар 7 соли оянда соҳиби Тоҷикистон мешаванд ва ҳамаи мо - меҳмони ин чинчуану панчуан”. Корбари дигар дар посух ба ин шарҳнависи мо гуфтааст, “суханат шӯхӣ ҳам бошад, сад дарсад рост аст. Сиёсати геополитикии Чин таҷовузгарона ва манфиатҷӯёна аст. Агар бинад, ки тарафи муқобил заиф, пахш мекунад”. “Рақиб” дар ҳамин замина аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостааст, кишварро пур аз хитоӣ накунад, чунки ба гуфтаи ӯ, “баъдан онҳоро аз ин ҷо рондан бисёр мушкил мешавад. Ватандор мешаванд, зеро занҳои бешавҳару бесоҳиб кам нестанд”.

Ҷонибдорон

Аммо тарафдорони ин зиёфат ҳам кам набудаанд. Як корбар барои меҳмондории Раҳмону хонаводааш аз раҳбари Чин сипосгузорӣ карда, гуфтааст, “офарин, Тоҷикистонро дар дунё муаррифӣ кардед”. “Камбағал аз Тоҷикистон” мавзӯи танзими анъанаро пеш оварда, ҷавоби ин суолро хостааст, ки “танзимро чаро риоя намекунанд?”

Генералии Рустами Эмомалӣ

Дар аксу видеое, ки ҷараёни зиёфати оилаи Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Чину ҳамсарашро намоиш медод, Рустами Эмомалӣ -- писари бузурги раиси ҷумҳур ва сардори Хадамоти гумрук ҳам дида мешуд. Баъзе аз корбарон дар шарҳҳои худ ба кори Рустам дар Хадамоти гумрук ва рутбаи генералии ӯ ҳам дахл кардаанд. Чанд тан аз корбарон гуфтаанд, рутбаи ӯ ба кораш вобаста аст ва мисли генералии кормандони пулису амният нест. Вале яке аз шарҳнависон навиштааст, “ба ӯ рутбаи генерал-майор додаанд ва ин унвони ҳарбӣ аст, бародар. Унвонҳои ҳарбӣ ҳама якхелаанд”.

Либосу рӯсарии духтар ва ҳамсари президент

“Азиз аз Саудӣ” бештар ба либосҳои миллии духтарони Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ карда, аз ин корашон истиқбол намудааст. “Фикр мекунам, бояд либоси миллии худро ҳамин тавр истифода кунем. Офарин!” Корбари дигар рӯсарии ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ба баҳс кашида, гуфтааст, “зани президент ҳиҷоб мекунаду дигарҳоро намемонанд”.

Ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки солҳо боз дар матбуот кампайдо буду акси зиёдаш ҳам дар интернет давр намезад, дар пайи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия дар моҳи июни соли ҷорӣ ва ахиран ҳангоми меҳмондорӣ аз раҳбари Чин бо рӯсарии худ пайдо шуд. Ӯ дар маросими гусели Сӣ Ҷинпин - раҳбари Чин ва ҳамсараш низ ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рафт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG