Пайвандҳои дастрасӣ

Маъсум хостори иқдомоти фаврӣ алайҳи тундравон шуд


Дар як нишасти байналмилалӣ дар бораи мубориза алайҳи ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломӣ, Фуод Маъсум, раиси ҷумҳури Ироқ, хостори бомборони зуд ва мудавоми мавзеъҳои ин созмон шуд. Ӯ гуфт, дар сурати наандешидани чораҳои фаврӣ, мумкин аст, ин тундравони исломӣ қаламравҳои васеътарро ишғол карда ва ба хатари бузургтар табдил шаванд. Дар нишасти байналмилалӣ дар шаҳри Париж, пойтахти Фаронса, ки рӯзи 15-уми сентябр оғоз шуд, мақомоти баландпояи 26 кишвари ҷаҳон роҳҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷангҷӯёни Давлати Исломиро баррасӣ мекунанд. Фуод Маъсум дар ин ҳамоиш гуфт, барои маҳви созмони Давлати Исломӣ, “иқдомоти фаврӣ ва радикалӣ” зарур аст ва афзуд, аъзои ин созмон, “авбошоне” ҳастанд, ки бо ҳадафҳои мазҳабиву қавмӣ, наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ содир кардаанд. Раиси ҷумҳури Ироқ ҳамчунин аз кишварҳои ҷаҳон хост, барои гирифтани пеши роҳи кӯмакҳои молӣ ва ҷалби хориҷиён ба созмони Давлати Исломӣ ҳамкорӣ кунанд. Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, ки ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ таҳдид барои ҷаҳон ҳастанд ва барои муқовимат ба онҳо аксуламали ҷаҳонӣ лозим аст.

XS
SM
MD
LG