Пайвандҳои дастрасӣ

Гум шудани Зебуннисо баъди муноқиша бо модараш


Зебуннисои 16-сола баъди муноқиша бо модар аз хонаашон берун рафта, як ҳафта боз бедарак аст

Зебуннисои 16-сола баъди муноқиша бо модар аз хонаашон берун рафта, як ҳафта боз бедарак аст

Зебуннисо Сайдалиева, сокини 16-солаи Душанбе, баъди як муноқишаи кӯчак бо модараш аз манзил берун рафта, як ҳафта боз беному нишон будааст. Акси ин духтар бо шумораи телефони наздиконаш дар тамоми хиёбонҳои пойтахт насб шуда, аз сокинон хоҳиш мешавад барои пайдо кардани Зебуннисо ёрӣ кунанд.

Ҷамшед Саидалиев -- падари Зебуннисо, рӯзи 15 сентябр дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодӣ” гуфт, духтараш қабл аз бедаракшавӣ бо модараш муноқиша карда, баъдан аз хона берун баромадааст. “Рӯзи 8 сентябр аз хонаамон дар маҳаллаи 82-юми пойтахт баромада, бедарак шуд. Ду рӯз қабл ҳамсояҳо духтарамро дидаанд, аммо то ҳоло аз ӯ хабаре нест ва кӯшишҳои мо барои пайдо карданаш бенатиҷа аст”,-гуфт ӯ.

Аммо оқои Сайдалиев нагуфт, ки духтару модар сари кадом масъала баҳс кардаанд. Ба қавли ӯ, Зебуннисо духтари калонии хонавода буда, ду хоҳари дигар низ доштааст.

Ин дар ҳолест, ки хабари баъд аз як моҳ пайдо шудани ҷасади Осияи 5-сола, ки сиҳату саломат аз хонаашон баромада, бедарак шуда буд, аксариятро дар Тоҷикистон нигарон сохтааст. Осия, ки дар санадҳои расмиаш бо номи Сабоҳат Диловарова сабт шудааст, рӯзи 8 августи соли ҷорӣ аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ 32/1, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, гум шуд ва баъди бештар аз як моҳ ҷасади ӯро дар ноҳияи Ҳисор пайдо карданд. Мақомот то ҳол далели марги Осияро нагуфтаанд, вале кормандони пулиси ноҳияи Ҳисор изҳор доштанд, ки дар бадани ӯ аломатҳои марги маҷбурӣ мушоҳида мешуд.

XS
SM
MD
LG