Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи Русияро эълон карданд


Бино ба гузоришҳо, дар интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ дар баъзе аз манотиқи Русия, номзадҳои ҳизби ҳокими Русияи воҳид пирӯз шудаанд. Мақомоти интихоботӣ дар Кишвари Приморский гуфтанд, ки бар тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ, раиси феълии минтақа, Владимир Миклушевский ва номзади ҳизби ҳоким 77 дар сади орои мардумро ба даст овардааст. Номзади дигари ҳизб дар Кишвари Олтой, Александр Карлин 75 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, тақрибан 31 дар сади мардум дар интихоботи минтақа ширкат кардаанд, ки бисёр кам аст. Дар шаҳри Маскав, намояндаи ҳизби мухолифи Яблоко гуфт, мумкин аст, ки натиҷаҳои интихобот ба маҷлиси шаҳриро қабул накунад, зеро корзори пешазинтихоботӣ одилона сурат нагирифт. Дар нимҷазираи Қрими Украина, ки Русия ба қаламраваш ҳамроҳ кард, бино ба гузоришҳо 70 дар сади мардум ба тарафдории номзадҳои Ҳизби Русияи воҳид раъй додаанд.

XS
SM
MD
LG