Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози парвози зоирони Ҳаҷ аз фурудгоҳи Душанбе


Аз 14 сентябр интиқоли зоирони тоҷик барои анҷоми фаризаи Ҳаҷ аз фурудгоҳи Душанбе шурӯъ шудааст. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 15 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, гусели зоирон то 29 сентябр давом карда, интизор меравад, бо 34 парвози ширкати маҳаллии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» 3292 нафар ба Арабистони Саудӣ расонда шаванд. Сухангӯи фурудгоҳи Душанбе мегӯяд, дар фурудгоҳ “барои зоирин шароити хуб муҳайё буда, толори парвоҳои маҳаллӣ барои зиёраткунандагон муҷаҳҳаз шудаааст ва шароити таҳорат, гузоридани намоз, истифодаи оби гарм, чой ва қаҳва фароҳам аст.” Парвози зоирони тоҷик аз тариқи фурудгоҳи Хуҷанд ҳанӯз 10 сентябр оғоз ёфта буд.

Бино ба иттилои Кумитаи дин, дар назар аст, имсол аз ҷумҳурӣ 6125 нафар ба зиёрати хонаи Худо сафар намоянд, аз ин шумора 3292 нафар аз фурудгоҳи Душанбе парвоз хоҳанд кард. Дар маҷмӯъ, имсол аз Тоҷикистон бояд 6125 нафар сафари Ҳаҷ кунанд.

XS
SM
MD
LG