Пайвандҳои дастрасӣ

Се тоҷикро бо гуноҳи терроризм ба зиндон андохтанд


Додгоҳи вилояти Хабаровски Русия, се шаҳрванди Тоҷикистонро бо гуноҳи узвият дар созмони террористӣ ба зиндон маҳкум кардааст. Як мақоми вилоят рӯзи 15-уми сентябр гуфт, додгоҳ барои ду нафари онҳо 4 солу се моҳ ва барои як нафар чаҳор солу ду моҳи зиндон ҷазо таъйин кард. Ҷавонони аз 18 то 23-солаи тоҷик дар додгоҳ эътироф кардаанд, ки аз соли 2010 то соли 2013 узви Ҳизби Исломии Туркистон будаанд ва дар байни мусулмонони вилояти Хабаровск, ғояҳои ин созмони тундравро тарғиб мекарданд. Бовар меравад, ки Ҳизби Исломии Туркистон бо Толибон ва Ал-Қоида иртибот дорад. Фаъолияти ин ҳизб дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ эълон шудааст ва Амрико низ онро ба феҳрасти созмонҳои террористӣ ворид кардааст.

XS
SM
MD
LG