Пайвандҳои дастрасӣ

The Daily Mail: Криштиан Роналду мехоҳад ба Англия баргардад


Бозингари маъруфи дастаи футболи “Реал”-и Мадрид Криштиан Роналду омодааст, ки дар яке аз дастаҳои футболи Англия бозӣ кунад, аммо ба шарте, ки маоши ҳафтаинааш аз 500 ҳазор фунт камтар набошад. Рӯзномаи The Daily Mail, чопи Лондон, рӯзи 14 сентябр гуфтаҳои мутахассисони футболро овардааст, ки фақат се даста – “Челси”, “Манчестер Юнайтед” ва “Манчестер Сити” тавони харидории Роналду бо ин қиматро доранд.

Тобистони соли 2013 Криштиан Роналду омода буд дубора ба “Манчестер Юнайтед” баргардад, ки қабл аз гузаштан ба “Реал” шаш сол он ҷо бозӣ мекард, аммо раҳбарони “Манчестер Юнайтед” барои пардохти маблағи дилхоҳи Роналду розӣ нашуданд.

Айни ҳол бозингари нави Манчестер Юнайтед” Радамел Фалкао, “гароннархтарин” футболбози Премиер-Лигаи Англия маҳсуб мешавад ва маоши ҳафтаинааш 390 ҳазор фунт аст. Роналду дар “Реал”ҳафтае маблағи муодили 350 ҳазор фунтро мегирад.

Қаблан расонаҳо навиштанд, ки Роналду мехоҳад баъд аз хатми мавсими футболи солҳои 2014-2015 “Реал”-ро тарк намояд.

Дастаи “Реал” ин футболбози маъруфро, ки ахиран бори дуввум ба дарёфти ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” муваффақ шуд, тобистони соли 2009 аз дастаи “Манчестер Юнайтед” бо баҳои 93 миллиону 400 ҳазор евро харида буд.

XS
SM
MD
LG