Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сотсиал-демократҳои Шветсия ба пирӯзӣ умед мебанданд


Дар Шветсия рӯзи 14 сентябр интихоботи парлумонӣ мегузарад.
Бар пояи назарсанҷиҳо имкон дорад, ки сотсиал-демократҳо баъд аз танаффуси ҳаштсола ба қудрат даст ёбанд. Солҳои ахир интихоботи парлумонӣ асосан бо пирӯзии марказгароҳои рост поён меёфт.

Бори аввал дар тақрибан сад соли ахир сотсиал-демократҳо муддати тулонӣ аз идораи ҳукумат канор монда буданд. Маҳз сотсиал-демократҳо бунёдгузорони “давлати некӯаҳволии ҳамагон” дар Шветсия маҳсуб мешаванд.

Ҳарчанд нахуствазири феълии Шветсия Фредрик Райнфельдт муваффақ шуд, ки давраи бӯҳрони молиявӣ дар Аврупо аз заъиф шудани иқтисоди кишвар ҷилавгирӣ кунад, шаҳрвандон ҳарос доранд, ки чораҳои андешидаи ҳукумат ба сатҳи зиндагӣ ва имтиёзҳои иҷтимоии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

XS
SM
MD
LG