Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайдар Ибодӣ амалиёт дар маҳаллаҳои аҳолинишинро манъ кард


Ҳайдар Ибодӣ

Ҳайдар Ибодӣ

Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, рӯзи якшанбе гуфт, ки ба артиш амр кардааст то ба хотири ҳифзи ҷони мардуми осоишта ба маҳаллаҳои аҳолинишини аз сӯи ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ишғолшуда оташ накушоянд.

Ҳамзамон Ибодӣ ваъда дод, амалиёти низомӣ алайҳи ин гурӯҳ, ки бахши аъзами шимол ва ғарби кишварро ишғол кардааст, идома хоҳад кард.

Нерӯҳои ҳукуматии Ироқ бо мадиди ҳавопаймоҳои ҷангии амрикоӣ ба ҳамлаи ҷавобӣ гузаштаанд ва айни ҳол задухӯрдҳо дар наздикиҳои сарбанди аз ҷиҳати стратегӣ муҳими Ҳадифа ва шаҳрҳои Ромадиву Фалуҷҷаҳ идома доранд.

Ба ҳукумати Ҳайдар Ибодӣ, ки рӯзи 8 сентбяр аз сӯи парлумон пазируфта шуд, курдҳо ва сунниҳо ҳам шомил шудаанд. Ҳукумати ҷадиди Ироқ мехоҳад ба ин васила ба танишҳои қавмӣ миёни шиаҳову сунниҳо хотима гузорад ва алайҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” як ҷабҳаи муттаҳидро ташкил кунад.

Дар ҳукумати нахуствазири пешин Нурӣ ал-Моликӣ ҳама мақомҳои калидӣ дар ихтиёри шиаҳо буданд.

XS
SM
MD
LG