Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷоти сад мусофири киштии дар Филиппин ғарқшуда


Кормандони хадамоти изтирории Филиппин дар бораи наҷоти тақрибан сад нафар аз мусофирони киштие хабар доданд, ки рӯзи шанбе ба асари тӯфон дар баҳр ғарқ шуд. Ба иттилои расмӣ, дасти кам ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Теъдоди мусофирони киштӣ маълум нест, шумораи расмии онҳо 84 нафар эълон шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, киштӣ, ки аз бандари Лилоани вилояти Лейтеи Ҷанубӣ берун шуда буд.

Ин гуна ҳодисаҳо дар Филиппин зитёд рӯй медиҳанд. Ба ҷуз ҳавои номусоид вазъи хароби фаннии киштиҳо ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳам аксар вақт боиси фоҷиа дар баҳр мешавад. Филиппин аз ҷазираҳои зиёд дар уқёнуси Ором иборат аст.

8 ноябри соли гузашта бар асари тӯфони “Ҳайан” дар вилояти Лейтеи Филиппин дасти кам 10 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд. Аз ин офати табиӣ беш аз 4 миллион нафар осеб дида, 500 ҳазор нафар аз манзили зист маҳрум шуда буданд.

XS
SM
MD
LG