Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи ягонаи раъйдиҳӣ ба мақомоти маҳаллӣ дар Русия


Дар Русия Рӯзи ягонаи раъйдиҳӣ – густурдатарин маъракаи интихоботии солҳои ахир мегузарад. Дар бештари манотиқи кишвар рӯзи 14 сентябр интихоботи волиҳо, мирҳои шаҳрҳои бузург ва парлумонҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои маҳаллӣ баргузор мешавад.

Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихоботии Русия, ба рӯйхатҳои овоздиҳӣ ному насаби 85 миллион шаҳрванд ворид шудааст. Дар сартосари кишвар 64 ҳазор қитъаи интихоботӣ фаъол аст.

Дар 30 вилоят волиҳо ва дар 14 ҷумҳуриву вилоят вакилони парлумонро интихоб мекунанд. Дар Маскав интихобот ба Думаи шаҳрӣ ва дар Петербург – интихоботи воливу шаҳрдорӣ доир мешавад.

Бори аввал дар нимҷазираи Қрим ва шаҳри Севастопол ҳам интихобот аз рӯи қавонини Русия сурат мегирад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, бештари волиҳое, ки дар интихоботи феълӣ ширкат доранд, баҳор ва аввалҳои тобистон ба истеъфо рафта ва раисиҷумҳур Владимир Путин онҳоро муваққатан иҷрокунандаи мақомашон таъин карда буд.

XS
SM
MD
LG