Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангиёни "Давлати исломӣ" боз як гаравгонро эъдом карданд


Дэвид Ҳейнс қабл аз эъдом
Дэвид Ҳейнс қабл аз эъдом

Дар интернет сабти видеоии қатли эҳтимолии гаравгони бритониёвӣ Дэвид Ҳейнс аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” нашр шуд. Наворро шоми якшанбе чанд соат баъд аз муроҷиати аҳли хонаводаи ӯ барои тамос гирифтан бо ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” пахш карданд. Ҳейнс – корманди як созмони хайрияро соли гузашта дар Сурия гаравгон гирифта буданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Дэвид Ҳейнс дар маргаш ҳукумати Бритониёро айбдор кардааст.

Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё, қатли Ҳейнсро ҷинояти мудҳиш номид ва ваъда дод, ки барои пайдо кардану муҷозот шудани муҷримон аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, куштори гаравгони бритониёвиро чун амали “барбарона” арзёбӣ кард. Ҷангиёни “Давлати исломӣ” изҳор намуданд, ки қатли Ҳейнс – интиқом барои амалиёти Лондону Вошингтон алайҳи ин гурӯҳ аст. Аз ин пеш мусаллаҳони “Давлати исломӣ” бо ҳамин далел ду хабарнигогри амрикоӣ Ҷеймс Фоулӣ ва Стивен Сотлоффро эъдом карда буданд.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки моҳҳои ахир қаламрави бузурги Сурия ва Ироқро ишғол кардааст, зарба мезананд. Бритониё ба мусаллаҳони нерӯҳои курди Ироқ дар мубориза бо ин гурӯҳ кӯмаки низомӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG