Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду заминларза дар як рӯз


Дар нимаи аввали рӯзи 13 сентябр дар қаламрави Тоҷикистон ду дафъа замин ҷунбидааст. Ба ҳисоби Хадамоти зилзиланигории Тоҷикистон, маркази заминларзаи аввал, ки шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер 5,3 балл буд, дар 42-километрии Хоруғ, пойтахти Бадахшон ҷойгир шудааст. Аммо маркази заминларзаи дувум, ки шиддаташ 4 балро ташкил дод, 190-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе будааст. Дар бораи кадом хисороте дар натиҷаи ин ду офати табиӣ гузориш нашудааст.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиёи воқеъ буда, ҳар сол дар зери хокаш садҳо заминларза сабт мешавад.

XS
SM
MD
LG