Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лавров Ғарбро дар табаддулоти давлатӣ дар Украина айбдор кард


Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров, вазири умри хориҷии Русия, изҳор намуд, ки дар Украина бо мусоидати Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо табаддулоти давлатӣ рӯй додааст.

Сиёсатмадори рус дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии ТВС (Маскав) гуфт, баъди сари қудрат омадани афроде, ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо аз онҳо қаблан чун мухолифин пуштибонӣ мекарданд, дар Украина ҳама кор имконпазир шудааст ва ҳама иштибоҳу гуноҳҳои ин мухолифини собиқ бахшида мешаванд.

Сергей Лавров гуфтааст, ки Амрико мехоҳад бо истифода аз бӯҳрони Украина робитаҳои иқтисодии Русияву Иттиҳодияи Аврупоро баҳам занад ва Аврупоро барои харидории гази худ ва аммо бо қимамати хело болотар водор созад. Ӯ мутмаин аст, ки Вошингтон бо тахриби робитаҳои иқтисодии Маскаву Брюссел шароити хуберо барои худ дар музокирот бо Аврупо оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ муҳайё хоҳад кард.

Аз ин пеш Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина, Владимир Путинро дар талоши аз байн бурдани истиқлоли давлати Украина айбдор кард. Ӯ дар як конфаронси байнулмилалӣ дар Киев рӯзи 13 сентябр гуфт, ҳадафи раисиҷумҳури Русия ишғоли ҳама Украина аст ва мехоҳад Украинаро чун давлати мустақил аз байн бубарад. Нахуствазири Украина афзуд, ки Путин мехоҳад, ки дар шарқи Украина як минтақаи мубтало ба низои мунҷамидшуда пайдо шавад. Ба гуфтаи Арсений Ятсенюк, “Русия як таҳдиди бузург ба суботу амнияти Аврупост”.

XS
SM
MD
LG