Пайвандҳои дастрасӣ

Зиёфати оилаи Раҳмон ба Ҷинпину ҳамсараш (1 ВИДЕО ва 22 АКС)


Бонуҳои аввали Тоҷикистон (чап)-у Чин (рост)

Бонуҳои аввали Тоҷикистон (чап)-у Чин (рост)

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи бонуи аввали кишвар ва писари бузургаш -- Рустами Эмомалӣ барои Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин ва ҳамсараш зиёфат оростаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамроҳи аҳли оилааш барои Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин ва ҳамсари ӯ, ки дар Душанбе қарор доранд, зиёфат оростаанд. Ин зиёфат шоми 12 сентябр дар қароргоҳи шаҳрии оқои Раҳмон ҷараён гирифта, дафтари раёсати ҷумҳурӣ онро ғайрирасмӣ номидааст.

Дар аксҳое, ки дафтари матбуот нашр кард, дида мешавад, Эмомалӣ Раҳмонро бонуи аввали кишвар, духтараш -- Озодаи Раҳмон, муовини аввали вазири умури хориҷӣ ва писараш -- Рустами Эмомалӣ, раиси Хадамоти гумрук низ ҳамроҳӣ доранд ва бо хушҳолӣ аз раҳбари Чину ҳамсараш -- Пен Лиюан меҳмондорӣ мекунанд. “Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми тоҷикӣ, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсари ӯ, бонуи аввали кишвари мо, зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд”,-навиштааст торнамои раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон бо бонуи №1-и Тоҷикистон ҳангоми меҳмондорӣ аз раҳбари Чину ҳамсараш

Эмомалӣ Раҳмон бо бонуи №1-и Тоҷикистон ҳангоми меҳмондорӣ аз раҳбари Чину ҳамсараш

Ин манбаъ мегӯяд, раҳбари Чину ҳамсараш ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғчаи атрофи қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби худи оқои Раҳмон шинонда шудаанд, таваҷҷуҳ карда, “аз меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон лаззат бурдаанд”.

Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, рӯзи 11 сентябри соли ҷорӣ барои иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ҳамроҳи ҳамсари худ ба Тоҷикистон омад. Субҳи шанбе, 13 сентябр, сафари давлатии ӯ ба Тоҷикистон низ оғоз ёфт ва то нимаи якшанбе идома хоҳад кард. Оқои Ҷинпин дар ҷараёни сафари давлатияш бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти расмӣ анҷом дода, ҷонибҳо 16 санади нави ҳамкориро ба имзо расонданд ва инчунин барои кумак ба якдигар дар бахши амнияту иқтисод қавл доданд.

Чин дар ҳоли ҳозир яке аз кишварҳои аслии сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон мебошад ва чанде аз тарҳҳои муҳими кишвар бо қарзу кумакҳои бебозгашти Пекин сохта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG