Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арсений Ятсенюк: Ҳадафи Путин ишғоли ҳама Украина аст


Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина, Владимир Путинро дар талоши аз байн бурдани истиқлоли давлати Украина айбдор кард. Ӯ дар як конфаронси байнулмилалӣ дар Киев рӯзи 13 сентябр гуфт, ҳадафи раисиҷумҳури Русия ишғоли ҳама Украина аст, "ӯ мехоҳад Украинаро чун давлати мустақил аз байн бубарад”.

Нахуствазири Украина афзуд, ки Путин мехоҳад, ки дар шарқи Украина як минтақаи мубтало ба низои мунҷамидшуда пайдо шавад. Ба гуфтаи Арсений Ятсенюк, “Русия як таҳдиди бузург ба суботу амнияти Аврупост”.

Ӯ созиши оташбас миёни Киев ва ҷудоихоҳони рустаборро, ки рӯзи 5 сентябр дар Минск ҳосил шуд, чун як қадами аввал дар роҳи қатъи кушторҳо арзёбӣ кард.

Нахуствазири Украина изҳори итминон кард, ки бастаи нави таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ба иқтисоди Русия осеби ҷиддӣ ворид мекунад.

Аз ин пеш Арсений Яценюк дар мусоҳиба бо шабакаи панҷуми телевизиони Украина изҳор намуд, ки вилоятҳои Донетск ва Луҳанск чун бахше аз қаламрави кишвар боқӣ хоҳанд монд ва мавзӯи якпорчагии Украина гоҳ мавриди баҳсу баррасӣ қарор нахоҳад гирифт. Роҳбарони ҷудоихоҳон се рӯз қабл изҳор намуданд, ки Донетск ва Луҳанск барои истиқлол пойфишорӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG