Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати се нафар дар таркише дар канори бозори Квейта


Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар ҷанубу ғарби Покистон дасти кам 3 нафар, аз ҷумла, як сарбоз кушта ва 16 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои полис маҳаллӣ, ҳодиса дар ҳоле рӯ дод, ки як мошини низомӣ бо марзбонҳо аз байни бозори шаҳри Квейта, маркази вилояти Балуҷистон, убур мекард. Ду нафар аз кушташудагон ва бештари маҷрӯҳон сокинони осоиштаанд. Мақомоти идораи полис гуфтанд, афроди ношинос мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори роҳ гузошта, онро ҳангоми расидани низомиён тарконидаанд.

Масъулияти ҳамларо то ҳол ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

Вилояти аз захоири табиӣ бойи Балуҷистон солҳо боз ба саҳнаи хушунату даргириҳо миёни ошӯбгарони маҳаллӣ бо нерӯҳои давлатӣ табдил шудааст. Ошӯбгарон пайваста ба мақомоти амниятӣ ва мансабдорони маҳаллӣ ҳамла мекунанд, то ҳукумат бахши аъзами фойида аз боигариҳои табииро дар ихтиёри вилояти Балуҷистон гузорад.

XS
SM
MD
LG