Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Ҳизби коммунист аз афроди ғайриҳизбӣ дар интихоботи 2015


Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки раҳбарияшро Шодӣ Шабдолов бар уҳда дорад, тасмим гирифтааст, номзадии афроди ғайриҳизбиро барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ пешниҳод намояд. Барои аввалин бор аст, ки ҲКТ чунин тасмим мегирад, ҳарчанд барои аҳзоби дигар дар интихоботҳои гузашта пешниҳоди ғайриҳизбиён як кори маъмулӣ буд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунист, ба “Озодӣ” гуфт, “номзадии афроди шоистае, ки аъзои ҳизб нестанд ва андешаҳояшон ба андешаҳои мо дар самти созандагии ҷомеа созгор аст, аз рӯйхати ягонаи ҳизбӣ пешниҳод хоҳанд шуд.” Ҷаноби Талбаков мегӯяд, дар “анҷумани пешазинтихоботии ҳизб ин масъаларо баррасӣ менамоянд ва бештар номзадҳое ҷалб хоҳанд шуд, ки ҷавонони огоҳу донишманданд.”

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз куҳантарин ҳизб дар кишвар аст, ки ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил шудааст. Ҳарчанд бо фурӯпошии Шӯравӣ ба унвони як ҳизби умда аз миён рафт, вале ҳанӯз ҳам талош дорад, то дар ҳаёти сиёсии кишвар саҳм дошта бошад.

Аммо тасмими ҷалби ғайриҳизбиён барои ширкат дар интихоботи парлумонии 2015 аз номи ин ҳизбро коршиносон ба камбуди чеҳраҳои ҷавону шинохта дар ҲКТ рабт медиҳанд. Ҳоло ин ҳизб дар парлумон ду намоянда дорад.

XS
SM
MD
LG