Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико Русияро "танбеҳ" медиҳад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, кишвараш аз рӯзи 12-уми сентябр таҳримоти иқтисодӣ алайҳи арсаҳои дифоӣ, молӣ ва энергетикии Русияро саххтар мекунад, то ин кишварро барои “амалкардҳои ғайриқонуниаш” дар Украина танбеҳ диҳад. Амрико ин иқдомашро бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамоҳанг кардааст, ки таҳримоти нави ин иттиҳодия алайҳи Русия рӯзи 12-уми сентябр ба иҷро даромад. Барак Обама бо нашри баёнияи катбӣ гуфт, таҳримоти нав, Русияро дар инзивои бештари иқтисодиву сиёсӣ қарор медиҳад. Аз ин пеш Ҳерман Ван Ромпуи, раиси Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел гуфт, мумкин аст, таҳримотро бо назардошти амалкардҳои Русия коҳиш диҳанд ва ё беэътибор кунанд. Барои ин Иттиҳодияи Аврупо ҷараёни сулҳ дар шарқи Украинаро то охири моҳи сентябр назорат мекунад. Бар тибқи қарорҳои нави Иттиҳодияи Аврупо, муомила бо ширкатҳои арсаи низомии Русия маҳдуд мешавад. Ҳамчунин ширкатҳои бузурги Русия ба мисли "Роснефт", "Транснефт" ва "Газпром" нефт, аз ҳаққи қарз гирифтан аз муассисаҳои молии Иттиҳодияи Аврупо маҳрум карда шуданд.

XS
SM
MD
LG