Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ то 31500 нафар будааст


Хадамоти Марказии Иттилооти Амрико гуфт, бар тибқи тахминҳои тоза, теъдоди ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломӣ дар Ироқу Сурия аз 20 000 то ба 31 500 нафар мерасад. Райан Трапани, сухангӯи хадамот, рӯзи 11-уми сентябр гуфт, “теъдоди ҷангҷӯёни созмон бинобар ҷалби бештари аъзо, эъломи хилофат, фаъолиятҳои бештари ҷангӣ баъд аз моҳи июн” зиёд шудаанд. Бар асоси тахминҳои пешин, теъдоди ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ тақрибан ба 10 ҳазор нафар мерасид. Тахминҳои нав баъди баррасии тамоми гузоришҳои иттилоотӣ аз моҳи май то моҳи август ба даст омадааст. Рӯзе пештар аз ин, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, Иёлоти Муттаҳида азм дорад, бо ҳампаймонҳояш дар минтақа ҷангҷӯёни Давлати Исломиро нобуд кунад. Ин созмон то кунун ҳазорон нафар бахусус мардуми ғайримусулмон ва шиамазҳабонро дар Ироқу Сурия куштааст.

XS
SM
MD
LG