Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъуд Собиров ба Ислоҳоти иқтисодӣ мепайвандад


Масъуд Собиров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Масъуд Собиров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон

Масъуд Собиров, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ), ба нишони эътироз аз узвияташ дар ин ҳизб даст кашидааст.

Масъуд Собиров, раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 12 сентябр дар сӯҳба “Озодӣ” гуфт, агарчӣ ду соли пеш аз раёсати ҲДТ канор рафта буд, аммо ҳамоно узвияти ҳизбро дошт ва онро эътироф мекард. Ҷаноби Собиров сабаби даст кашиданаш аз Ҳизби демократи Тоҷикистонро ба камрангӣ ва камфаъолиятии он дар ҷомеаи кишвар рабт дод.

Ӯ афзуд, Ҳизби демократ барои рушди мардумсолорӣ дар Тоҷикистон барномаи хос надорад ва, илова ба ин, дар робита ба ҳодисаҳои муҳими сиёсии кишвар аз мавқеи худ ҳарфе намегӯяд. “Азбаски дар соҳаи иқтисод ҳамчун коршинос фаъолият дорам, салоҳ медонам, ки ба Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ бипайвандам”,-таъкид дошт Масъуд Собиров. Ин изҳороти раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки то замони баргузории интихоботи парлумонии кишвар панҷ моҳи дигар боқӣ монда, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба унвони “ҳизби кисагӣ” шинохта мешавад.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, аз Масъуд Собиров ба унвони зиёии рӯшанфикр ном бурд ва ҳаққи ӯ донист, ки бо онҳо мемонад ва ё ба ҳизби дигар мепайвандад. “Вале бо рафтани Собиров ё нафари дигар аз ҳизб, демократҳо чизеро намебозанд. Ҳизби демократ ҳамчунон бар асоси оинномаи худ ҳамчун ҳизби оппозитсияи конструктивӣ фаъолияти худро пеш хоҳад бурд”,-гуфт Исмонов.

Масъуд Собиров аз соли 2006 то соли 2012 раиси расмии Ҳизби демократи Тоҷикистон буд. Ӯ раёсати ин ҳизбро баъд аз зиндонӣ шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров бо ташкили ҷиноҳи “Ватан” бар уҳда гирифт. Ҳарчанд тарафдорони Исканадаров ба курсии раёсат нишастани Собировро намехостанд, вале Вазорати адлия дувумиро ба ҳайси раҳбари Ҳизби демократ эътироф карда буд.

XS
SM
MD
LG