Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси танзими муҳоҷират дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Путин


Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия шомгоҳи панҷшанбе дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе, бо ҳам мулоқот карданд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот масоили вобаста ба ҳамшарикии стратегии ду кишвар мавриди баҳс қарор гирифтааст. Ба гуфтаи манбаъ, таҳкими амну субот дар минтақаи Осиёи Миёна ва масъалаи тақвияти марз бо Афғонистон аз масоили дигари мавриди гуфтугӯи оқои Путин бо Раҳмон будааст. Ҳамчунин ҷонибҳо ба рушди иқтисодӣ ва сармоягузор ва ба тасвиб расонидани созишномаи байниҳукуматӣ доир ба содироти бебоҷи маводи сухти Русия ба Тоҷикистон ва ҳамчунин масъалаи танзими муҳоҷирати корӣ таъкид кардаанд. Владимир Путин рӯзи гузашта дар раъси як ҳайат ҷиҳати ширкат дар чаҳордаҳумин нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай вориди Душанбе шуд. Дар ин нишаст, раёсати давраии Созмони ҳамкории Шанхай аз Тоҷикистон ба Русия хоҳад гузашт.

XS
SM
MD
LG