Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Путин ба Душанбе омад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар раъси як ҳайати баландпояи кишвараш барои ширкат дар нишаст сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Душанбе омад. Владимир Путин ва ҳайати ҳамроҳи ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ ва дигар афроди расмӣ истиқбол гирифтанд. Владимир Путин барои охирин бор дар моҳи октябри соли 2013 ба Тоҷикистон сафар намуда буд. Он замон раиси ҷумҳури ду кишвар зери созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон имзо гузоштанд. Бар пояи ин созишнома пойгоҳи низомии Русия то соли 2041 дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG