Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ бо ду вазир мулоқот мекунад


Қарор аст, имрӯз Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, бо ҳамтоёнаш аз Туркия ва Арабистони Саудӣ дар бораи мубориза бар зидди ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломӣ гуфтугӯ кунад. Ҷон Керрӣ бо ҳадафи ҷалби ҳимояти молӣ, сиёсӣ ва низомӣ барои муқобила бо ин созмони тундрав ба Ховари Миёна сафар кардааст. Мулоқот рӯзи 11-уми сентябр як рӯз баъд аз он сурат мегирад, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ваъда дод, Иёлоти Муттаҳида муборизаи “беамон”-ро алайҳи созмони Давлати Исломӣ шурӯъ мекунад. Ин созмон манотиқи васеъи Ироқ ва Сурияро ишғол кардааст. Ба гуфтаи як мақоми амрикоӣ, Ҷон Керрӣ масъалаи ҳамкорӣ барои тақвияти ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи тундравон ва гирифтани пеши роҳи кумакҳои молӣ ба онҳоро баррасӣ мекунад. Ҷон Керрӣ рӯзи 10-уми сентябр дар Бағдод гуфт, ҷомеаи байналмилал намегузорад, ки созмони Давлати Исломӣ қавитар шавад ва афзуд, дар ҷанг алайҳи ин созмон Ироқ шарики аслӣ аст.

XS
SM
MD
LG