Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сари хук дар мадраса мардумро ба хашм овард


Мусулмонҳои Гурҷистон “беҳурматӣ” нисбат ба биноеро, ки қарор аст, мадрасаи исломӣ шавад, маҳкум кардаанд. Рӯзи 10-уми сентябр афроди номаълум ба дари ин бино дар шаҳри Кобулетии минтақаи Оҷористон сари хукеро мехкӯб кардаанд. Ҷамол Паксадзе, муфтии мусулмонони Гурҷистон, рӯзи 11-уми сентябр ин амалро маҳкум кард ва гуфт, гунаҳкорон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ираклий Гарибашвили, нахуствазири Гурҷистон, низ ин амалро “дасиса” номида ва аз мақомоти интизомӣ хост, ки ҳодисаро таҳқиқ кунанд. Пеш аз ин дар рӯзи 10 сентябр Ираклий Тсетхладзе, муовини раиси шаҳри Кобулети, гуфт, ташкили мадраса дар маҳаллае, ки аксарияти сокинонаш масеҳиёни ортодокс ҳастанд, мумкин аст, сабаби ҷанҷол шавад. Дар Оҷористони Гурҷистон, ки бо Туркия ҳаммарз аст, теъдоди зиёди мусулмонон зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG