Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин барои ҷудоиталабони Украина шамъ афрӯхт


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, ба хотири онҳое, ки дар ҷанг ба зидди нерӯҳои давлатии Украина кушта ва ё захмӣ шудаанд, дар калисо шамъ рӯшан кардааст. Шоми 10-уми сентябр ӯ дар ин калисо дар наздикии Маскав калимаи “Новороссия”-ро ба кор бурд, ки ишорае ба ҷанубушарқи Украина аст, ки онҷо 5 моҳ муноқиша ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои давлатӣ идома дошт, аммо ҳоло бар асоси созиши оташбас фӯру нишастааст. Созиши оташбас миёни ду тараф рӯзи 5-уми сентябр ба иҷро даромад. Владимир Путин гуфт, шамъро ба хотири онҳое рӯшан кардааст, ки барои муҳофизати мардуми Новороссия кушта ва ё маҷрӯҳ шудаанд. Ҳукумати Украина ва НАТО мегӯянд, ки Русия барои кӯмак ба ҷудоиталабон, ки маркази ду вилоятро дар даст доранд, ҳазорон сарбоз фиристодааст. Русия иддаҳо дар бораи даст доштан дар муноқишаро рад мекунад. Дар замони Русияи подшоҳӣ, бахши бузурги қаламравҳои шарқӣ ва ҷанубии Украинаро Новороссия меномиданд. Ба кор бурдани ин ном аз тарафи Владимир Путин ин нигарониро ба вуҷуд овардааст, ки мумкин аст, Русия тарҳе барои офаридани чунин минтақа дорад.

XS
SM
MD
LG