Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони ояндаи Аврупо маълум шуданд


Жан Клод Ҷанке, раиси ояндаи Кумиссиёни Аврупо, сиёсатмадорони фаронсавӣ ва бритониёро ба ду мақоми муҳими молии Иттиҳодияи Аврупо пешбарӣ кардааст. Пйер Московиси, вазири собиқи молияи Фаронса ба мақоми вазири иқтисод ва сиёсати молии иттиҳодия ва Ҷонатон Ҳилл, сиёсатмадори бритониёӣ ба мақоми масъули таъмини суботи молӣ, хадамоти молӣ ва бозорҳои молии Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод шудаанд. Йоҳаннес Ҳанн, намояндаи Австрия ба мақоми масъули умури музокироти густариши иттиҳодия пешбарӣ шудааст. Ба ин мақом, ки пеш масъули густариши Иттиҳодияи Аврупо буд, калимаи «музокирот» изофа кардаанд, зеро ба қавли Жан Клод Ҷанке дар аҳди раёсати ӯ то 5 соли оянда ҳеҷ кишвари наверо ба иттиҳодия қабул намекунанд. Йоҳаннес Ҳанн дар аҳди раёсати Хосе Мануел Барросо, ба ҳайси масъули сиёсати минтақавӣ дар Кумиссиёни Аврупо кор кардааст.

XS
SM
MD
LG