Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай оғоз мешавад


Дар шаҳри Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай оғоз мешавад. Қарор аст, дар ин нишаст дар рӯзи 11-уми сентябр, раисони ҷумҳури Тоҷикистону Чин, Русияву Узбакистон ва Қазоқистону Қирғизистон ширкат кунанд. Нишасти мазкур дар ҳоле сурат мегирад, муносиботи Русия бинобар амалкардҳояш дар Украина бо кишварҳои ғарбӣ бад шудааст ва Русия рӯ ба Осиё овардааст. Раҳбарони Эрону Муғулистон низ дар Душанбе ҳастанд ва дар ҳошияи нишасти сарон бо раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай мулоқот мекунанд. Эрону Муғулистон ва Покистону Ҳинду Афғонистон мақоми нозир дар созмонро доранд. Дар нишасти мазкур ба масъалаи амният дар минтақа ва ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон таваҷҷӯҳ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG