Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мубориза бо ҷангҷӯёнро сахттар мекунад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш омода аст, алайҳи ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломӣ дар Сурия ва ҳамингуна дар Ироқ ҳамла кунад ва барои тақвияти мубориза садҳо нерӯи низомии кишварро ба минтақа мефиристад. Ӯ дар суханронии телевизионӣ дар рӯзи 10-уми сентябр гуфт, ки ҳадаф аз идомаи ҳамалот алайҳи ин ҷангҷӯён, дар ниҳоят нест кардани созмони Давлати Исломӣ аст:

“Мақсади мо рӯшан аст. Мо бо стратегияи муназзам ва фарогири зиддитеррористӣ, созмони Давлати Исломии Ироқ ва Шомро таназзул дода ва дар ниҳоят нобуд мекунем.”

Раиси ҷумҳури Амрико зимни суханронӣ дар Кохи Сафед ҳамчунин гуфт, ҳар террористе, ки ба Иёлоти Муттаҳида таҳдид мекунад, дар ҳар ҷое, ки набошад, нобуд карда мешавад. Ба гуфтаи Барак Обама, Иёлоти Муттаҳида барои кӯмак ба нерӯҳои давлатии Ироқ ва сарбозони пешмаргаи курд дар ҷанг алайҳи тундравони Давлати Исломӣ 475 низомӣ мефиристад. Аммо ин нерӯҳо мустақиман дар ҷанг ширкат намекунанд. Барак Обама афзуд: “Усули бунёдии ман ба ҳайси раиси ҷумҳур ин аст, агар шумо ба Амрико таҳдид кунед, паноҳгоҳи амн нахоҳед дошт.”

XS
SM
MD
LG