Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, нерӯгоҳи Айниро месозад


Эрон барои оғози бунёди нерӯгоҳи «Айнӣ», ки Чин ба хотири мухолифати Узбакистон аз он даст кашида буд, изҳори омодагӣ кард. Сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 11 сентябр хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Руҳонӣ дар дидори рӯзи чоршанбеи худ тарҳи сохти нерӯгоҳи «Айнӣ» бар фарози рӯдхонаи Зарафшонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷониби Эрон барои шурӯи сохтмони неругоҳи Айнӣ изҳори омодагӣ кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, «оғози сохтмони якҷояи нерӯгоҳи обии «Айнӣ» дар болои рӯди Зарафшон, ба итмом расонидани такмили туннели мошингарди «Истиқлол», иттисоли шабакаҳои барқӣ ва роҳҳои заминии ду кишвар, интиқоли лӯлаи об аз Тоҷикистон, кашидани лӯлаи об аз Тоҷикистон ба Эрон ва лӯлаи нафту газ аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ шудааст.» Вазири корҳои хориҷии пешини Эрон Алиакбар Солеҳӣ, ки ба манзури ширкат дар иҷлосияи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори “Муколамаи ҳамкории Осиё” дар соли гузашта ба Душанбе омада буд, ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯи тарҳи нерӯгоҳи Айнӣ ва барномаҳои дигари ҳамкорӣ ба тавофуқ расидаанд. Ташхисоти фанниву иқтисодии тарҳи нерӯгоҳи Айниро низ Эрон ба дӯш гирифта, қасд дорад, бо хатми эҳдоси нерӯгоҳи Сангтӯда-2 таҷҳизоташро ба маҳали сохтмони ҷадид бикӯчонад. Нерӯгоҳи Айнӣ бо иқтидори 150 мегаватт яке аз бахшҳои барномаи давлати Тоҷикистон барои расидан ба истиқлоли энергетикист, Қаблан барои эҳдоси ин нерӯгоҳ бо ширкатҳои Украина музокироти тӯлонӣ доир шуда, Эмомалӣ Раҳмон ҳатто роҷеъ ба ин тарҳ бо Чин қарордод ҳам баст, вале ҳам украиниҳо ва ҳам Чин дар ниҳоят ба далели мухолифати Узбакистон аз ширкат дар ин тарҳ даст кашиданд.

XS
SM
MD
LG