Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Карзай ба Душанбе меояд


Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай, президенти Афғонистон барои ширкат дар нишасти сарони СҲШ ба Тоҷикистон меояд. Муҳаммадовуди Иброҳимхел, муовини сафири Афғонистон дар Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар рӯзи 10 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҳомиди Карзай субҳи панҷшанбеи 11 сентябр барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонҳой ба Душанбе хоҳад омад. Дар назар аст, рӯзи 11 сентябр қабл аз ин нишаст мулоқоти сеҷонибаи президентҳои кишварҳои форсизабони Тоҷиистону Эрон ва Афғонистон - Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасани Рӯҳонӣ ва Ҳомид Карзай низ сурат гирад. Сафорати Афғонистон мегӯяд, ки аз моҳи июни соли 2012 аз ҷониби сарони кишварҳои СҲШ ба Афғонистон ваколати кишвари нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Шонҳой дода шуд. Қабл аз Афғонистон кишварҳои дигар ба мисли Муғулистон, Эрон ва Покистон низ ҳамчун нозир дар ин созмон пазируфта шуданд.

XS
SM
MD
LG