Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табдили ду мор ва хирсаки обии Русия бо ду каргас ва уқоби Тоҷикистон


Боғи ҳайвоноти шаҳри Пензаи Русия мехоҳад ду мори бузург ва ду рокун ё хирсаки обиро бо ду каргаси сиёҳ ва ду уқоби сафедсари Боғи ҳайвоноти Душанбе иваз кунад. Ҷонишини раиси Боғи ҳайвоноти Пенза Сергей Зубцов ба хабарнигорон гуфт, дар бораи ин табодула созиш ҳосил шудааст. Вай аз раҳбарони Боғи ҳайвоноти Душанбе изҳори сипос кард, ки ин ҳамкорӣ имкон медиҳад, боғи вуҳуши Пенза маҷмӯаи парандагони худро густариш диҳад. Додугирифт ва табодулаи ҳайвонот миёни чунин ниҳодҳои кишварҳои гуногун як роҳи маъмулии густариши захираҳои онҳо ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG