Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: СҲШ дар давраи раёсати Русия густариш хоҳад ёфт


Вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров гуфт, баъд аз он ки раёсати Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба дасти Русия мегузарад, масъалаи қабъули аъзои нави он баррасӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар нишасти сарон дар Душанбе рӯзҳои 11-12 сентябр шеваи қабули аъзои нави эътилоф ниҳоӣ мешаванд ва ҳам раёсати даврии он аз Тоҷикистон ба Русяи мегузарад. Гуфта мешавад, ба созмоне ки алҳол Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви онанд, Эрон, Ҳинд, Афғонистон, Муғулистон ва Покистон аризаи узвият додаанд. Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар соли 2001 таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG