Пайвандҳои дастрасӣ

Мактаббачагони Суғд назди сарони ШОС бо 6 забон суруд мехонанд


Ҳафтод тан аз мактаббачагони вилояти Суғд дар назди сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки рӯзҳои 11-12 сентябр ба Душанбе меоянд, бо шаш забон, хори умумӣ мехонанд. Малоҳат Бобоева, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи чаҳоршанбеи 10-уми сенятбр ба Радиои Озодӣ гуфт, хонандагон давоми ду рӯз аст дар Кохи Борбади пойтахт тамрин мегиранд ва дар барномаи консертӣ, ки дар ҳузури меҳмони ин чорабинӣ баргузор мегардад, баромад хоҳанд кард. Бобоева ҳамчунин илова кард, ки «дар чаҳорчӯби барномаи фарҳангӣ, хонандагон дар бахши «Офтобак» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбакӣ, чинӣ ва қазоқиву қирғизӣ хорӣ умумӣ иҷро мекунанд. Аксари хонандагони иштирокчӣ, забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбакиро хуб медонанд. Барои иҷрои хор бо забонҳои қирғизиву қазоқӣ ва хитоӣ, омӯзгорон ба бачаҳо матнро омӯзониданд.»

Ба гуфтаи мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Б. Ғафуров , 70 нафар мактаббача тавассути озмун аз 15 мактаби миёнаи вилояти Суғд интихоб шуда, аз 7 то 14 сола мебошанд, ки миёнашон 40 нафар духтарон мебошанд. Ҳоло бо хонандаҳо Ҳафиза Шодмонова тамрин мегузаронад, то иҷрои хори умумӣ барои сарони кишварҳои иштироккунанда дар СҲШ писанд оянд. Ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай 11-12 сентябр бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва раҳбарону намояндаҳои сатҳи баланди кишварҳои нозири СҲШ ва созмонҳои байналмилалӣ, дар Душанбе баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG