Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари нахустин гурӯҳи зоирони суғдӣ ба Ҳаҷ


Нахустин гурӯҳи 70 нафарии зоирони суғдӣ шаби гузаштаи 9-уми сенябр аз майдони ҳавоии Хуҷанд ба Мадина дар Арабистони Саудӣ парвоз карданд. Абдусаид Амонов, корманди шуъбаи оид ба корҳои динии ҳукумати Суғд ба "Озодӣ" гуфт, ки имсол зиёраткунандагон аз Хуҷанд танҳо бо роҳи Мадина ба адои маросими ҳаҷ хоҳанд рафт. Қаблан бархе тавассути роҳи ҳавоии Хуҷанд – Ҷидда низ сафар мекарданд. Ба иттилои расмӣ, соли равон беш аз 1700 сокини вилояти Суғд дар рӯзҳои 9-16 уми сентябр ба адои ҳаҷ хоҳанд рафт. Маблағи сафари ҳаҷ имсол дар Тоҷикистон 18 ҳазору 165 сомонӣ муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG