Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раззоқ: "Ҳавопайморо бо мушак задаанд"


Наҷиб Тун Раззоқ, нахуствазири Малайзия, гуфт, таҳқиқи мутахассисони Ҳолланд баёнгари он аст, ки ҳавопаймои мусофирбари он кишвар бо зарби мушаки замин ба ҳаво дар шарқи Украина суқут кардааст. Баёнияи расмии нахуствазири Малайзия рӯзи 9-уми сентябр ва баъди эълони хулосаҳои мутахассисони Ҳолланд дар бораи суқути ҳавопаймо нашр шуд. Ин мутахассисон гуфтанд, ҳавопаймои Малайзия, ки моҳи июл дар шарқи Украина суқут кард, зоҳиран бар асари зарбаи “ҷисмҳои баландсуръат” сурох ва сарнагун шудааст. Идораи амнияти парвозҳои Ҳолланд раҳбари таҳқиқ, гуфт, ҳеҷ аломате нест, ки мушкили фаннӣ ва ё хатои халабонҳо, боиси суқути ҳавопаймо шудааст. Дар ин фалокати рӯзи 17-уми июл дар наздикии шаҳри Топези Украина 298 нафар ва аксаран шаҳрвандони Ҳолланд ҷон доданд. Ҷудоиталабони Русия рӯзи 9-уми сентябр такрор карданд, ки силоҳи қодир ба маҳви ҳавопаймо надоштанд, вале бино ба гузоришҳо дар он вақт Русия ба ҷудоиталабон мушаки замин ба ҳавои Бук додааст ва дар замони суқут аз он истифода кардаанд.

XS
SM
MD
LG